Похожее видео
Додситонии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Саратови Русия рӯзи 26 декабри соли 2022 хабар дод ки бо талаби ин идора додгоҳи маҳаллӣ ақди никоҳи байни як шаҳрванди Тоҷикистон ва як зани сокини Саратовро қалбакӣ эътироф карда бекор кардааст. Додситонӣ мегӯяд ин марди тоҷик дар ивази кумаки молиявӣ танҳо ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо он зан издивоҷ карда буд ва дар асл бо ӯ зиндагии муштарак надошт. Ақди никоҳи ин марди тоҷик бо зани сокини Саратов моҳи июли соли 2019 дар шуъбаи ЗАГСи ноҳияҳои Фрунзе ва Волжскийи шаҳри Саратов расман сабт шуда буд. Ин марди тоҷик ва ҳамсари ҳамакнун собиқи ӯ барои шарқи қазия дастрас нестанд вале додситонии ноҳияи Фрунзе мегӯяд ки он зан гӯё дар ҷараёни бозпурсиаш иқрор кардааст ки ҳанӯз ҳангоми шинос шуданашон он марди тоҷик ба ӯ фаҳмондааст ки ин ақди никоҳ барояш танҳо барои осонтар гирифтани шаҳрвандии Русия лозим аст. Дар ивази ақди никоҳ марди тоҷик ба он зани рус кумаки молиявӣ мерасондааст.,
Похожее видео